ЧАШМИ ДЕҲҚОН
Ҳар саҳар деҳқон чу бархезад зи хоб,
Як назар созад ба рӯи осмон.
Як назар созад ба даргоҳи тулӯъ –
Бар тулӯи офтоби ховарон.
Пас назар созад ба ҳоли киштаҳо,
То чӣ мегӯянд аз ҳоли замин.
Пас назар созад ба ранги абрҳо,
То чӣ мегӯянд аз фоли замин.
Ҳамчу феъли одамон бишносад ӯ
Ҷумла пастию баландии замин.
Чун кафи дастони худ донад дуруст
Хислати заҳматписандии замин.
Мешиносад ӯ зи вазъи абрҳо
Бозии чашми фалакро.
Мешиносад ӯ зи бӯи бодҳо
Меҳр ё хашми фалакро.
Беҳтар аз милён ҳавосанҷи замон
Бӯ барад аз барфу борон.
Бинад аз ранги шафақ андар уфуқ
То чӣ ояд з-осмон.
Рӯзу шаб дар киштзорон гарми кор,
Кишт ҷои тоати ӯст.
Рӯзҳои офтобӣ то ғуруб
Сояи ӯ соати ӯст.
Аз Пуличархӣ намерастед агар
Ҳам туву ҳам мисли ту мардони род,
Бозпас мегашт чархи Инқилоб,
Бозпас мегашт чархи адлу дод.
Он ту будиву чу ту размоварон,
К-аз садоқат бар Ватан ҷон бохтед.
Зидди беимонии оли Амин
Як ҷаҳони нури имон сохтед.
Ин туиву мисли ту мардони мард,
К-аз шумо боқист фардо зиндагӣ.
Рӯзе аз хуни шумо чун лолаҳо
Гул кунад дар Дашти марго зиндагӣ!
Ғам махур аз таънаи тироварон,
Чун туӣ ҳамдӯши кӯҳи Тирбанд.
Бими нопокони Покистон макун,
Пок хоҳад буд оби Ҳирманд.
Мо алайҳи он ҳама тироварон
Бо шумо ҳамҷабҳаву ҳамсангарем.
Дар дифои Саври давронофарин
Синаҳои худ сипар меоварем!
Аз Ҷалолобод омад номаат,
Аз Душанбе мерасад пайғоми ман.
Зинда бош андар паноҳи Инқилоб,
Оҳанинҷон – шоири ҳамноми ман!
27.1.1980