
ЧАҲОР БӮСА
Дар баҳорон
Зери борон
Бо навои обшорон
Чашмҳоятро бибӯсам,
Чашмҳои бегуноҳатро бибӯсам.
Масту шодон
Синабирён
Фасли тобистони сӯзон
Хирмани мӯят бибӯсам,
Гарм-гарм аз тоқи абрӯят бибӯсам.
Тирамоҳон
Зору пазмон
Рӯ ба рӯи барги резон
Аз лаби нӯшат бибӯсам,
Аз бари рӯю баногӯшат бибӯсам.
Дар зимистон
Гарму сӯзон
Зери барфи тунду печон
Рӯи хуршедат бибӯсам,
Бо ҳазор армону уммедат бибӯсам.
* * *
Эй умеди дили саргаштаи ман,
Ишқи ту шуълаи саркаш дорад.
То ғамат ҷони маро месӯзад,
Шеъри ман сафҳаи оташ дорад.
Ман ҳама дарди туро мефаҳмам,
Ман ҳама оҳи туро медонам.
Ман ҳама доғи туро мебинам,
Ишқи гумроҳи туро медонам.
Ту зи худ рафта ба худ н-омадаӣ,
Ман зи худ рафта ба худ омадаам.
Ту маро дидаву нодида ҳанӯз,
Ки зи сеҳри ҳунарат дилшудаам.
Ту ғами ишқ намедонӣ ҳанӯз,
Ман зи андӯҳи муҳаббат серам.
Ишқ сутхони маро орд кашид,
Чӣ кунам, буда чунин тақдирам…
Ту фақат номи маро медонӣ,
Лек аз номи дилам бехабарӣ.
Ту фақат ҷоме бихӯрдӣ бо ман,
Лек аз ҷоми дилам бехабарӣ.
Дили ман сӯхтан омӯхтааст
Аз шару шӯри ситамгории ишқ.
Ту намедонӣ ҷигарсӯзии дард,
Ту намедонӣ аламдории ишқ.
Кош медидӣ диламро боре
Рӯ ба рӯ бо дили озодаи хеш,
Кош медидӣ чӣ сон месӯзад
Аз табу сӯзи шарарзодаи ишқ.
Кош медидӣ марову худро
Рӯ ба рӯ бо гунаҳи нотакрор,
Кош лабҳои таболудатро
Мениҳодӣ ба лабам бегуфтор.
Баъд бешоиба медонистӣ,
Ки маро аз азал ошиқ зоданд.
То дурангӣ накунам дар раҳи ишқ,
Ба ғами ошиқӣ лоиқ зоданд…
* * *
Ишқи ту дар дили ман пир шуда,
Аз ғами ту дили ман сер шуда.
Баъд аз ин нашъаи дилдодагӣ нест,
Вақти кӯдакдилию содагӣ нест.
Дилам оташ буду хокистар шуд,
Дарди дил боиси дарди сар шуд.
Сӯхт бисёру табутобаш кост,
Рӯди пуршӯр буду обаш кост.
Ҳолиё холӣ шуда аз ғами ишқ,
Хок бар сар занад аз мотами ишқ.
Ҷои ошуфтагиву шайдоӣ
Даст ёзад сӯи ӯ танҳоӣ.
Чӣ кунам, мавсими дилбозӣ гузашт,
Сари ҳар шавқ сарафрозӣ гузашт.
Дар дилам манзараи поиз аст,
Ҳар чӣ бинам, ҳама ҳузнангез аст.
Зи дилам оҳу фиғон мехезад,
Ба сарам барги хазон мерезад.
Дар хазонрез қадам мемонам,
Сафҳаи барги хазон мехонам…
Шавқи ту дар дили ман кӯр шуда,
Баҳри ишқат дили ман гӯр шуда…
22.10.1981