ЧАҲОР ЧИЗ АЗ ЧАҲОР ЧИЗ КАМОЛ ЁБАД
Чор чиз аз чори дигар шуд тамом,
Чун шунидӣ, ёд медор, эй ғулом.
Дониши мард аз хирад гирад камол,
Аз амал динат ҳамеёбад ҷамол.
Динат аз парҳез комил мешавад,
Неъматат аз шукр шомил мешавад.
Ҳаст донишро камолот аз хирад,
Беамалро аҳли дин касс нашмарад.
Шукри неъматро камоле медиҳад,
Ғофилонро гӯшмоле медиҳад.
Шукр нокардан заволи неъмат аст,
Баҳраи шокир камоли неъмат аст.
Илмро беақл натвон кор баст,
Пеши беақлон намебояд нишаст.
Бе хирад дониш вубол аст, эй писар,
Илм мурғу ақл бол аст, эй писар.
Ҳар кӣ илме дораду набвад бар он,
Аз тариқи ақл бошад бар карон.
Шарҳи худро нависед