
ЧАРО ДИГАР ШАВӢ?
Ту мехохӣ, азизи ман,
Шави Фирдавсии даврон,
Ачаб хуш орзуе!
Лек
Намефорад ба ман чандон.
Чаро дигар шавӣ? Охир
Туро модар чунин зодаст,
Ду чашму дасту по додаст,
Дилу ақлу хирад додааст.
Агар хоҳӣ, ки Фирдавсӣ
Зи корат шодмон гардад,
Суруде тоза кун эҷод,
Ки дар ҳайрат ҷаҳон гардад!
Шарҳи худро нависед