Чаро намеоӣ?

Дубора моҳ бадар шуд, чаро намеоӣ?
Дубора моҳи дигар шуд. чаро намеоӣ?

Парандаҳои мусофф ба лона баргаштанд,
Дубора чаҳ-чаҳа cap шуд, чаро намеоӣ?

Бародаронм мусофир ба хона баргаштанд,
Дубора қаҳ-қаҳа дар шуд, чаро намеоӣ?

Ҳазор лола ба дил лолазори Файзобод,
Дубора хуни ҷигар шуд, чаро намеоӣ?

Ниҳоли пушти дарат бо қадат баробар буд,
Чанори хупқаду бар шуд, чаро намеоӣ?

Гули пиёда* ба манзил пиёда боз омад,
Ба рафтанат чи қадар шуд, чаро намеоӣ?

Ту мерасӣ ба дар ин лаҳза гӯиён гӯшам
Фақад ба тақ-тақи дар шуд, чаро намеоӣ?

Ҳамон бинои баланде ватан бувад номаш,
Ба хишти ҷони падар шуд, чаро намеоӣ?

Ҳамон сутуни баланде ватан бувад бомаш,
Ба устухони падар шуд, чаро намеоӣ?

Апрел 1998, Seattle
* Гулкой алафӣ.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед