ЧАРОҒАТРО ФУРӮЗОН КУН

Ба ту ошиқ шуданду роз гуфтанд,
Суханҳои ҳавоӣ гуфта рафтанд.
Чу диданд ошёни ту баланд аст,
Ба пастиҳои дигар раҳ гирифтанд.

Надонистанд дунёи дилатро,
Умеду орзуҳои дилатро,
Фақат бадном карда бо муҳобот,
Ниҳон карданд пайдои дилатро.

Ту месӯзӣ, ки дар олам надидӣ
Каси комилзабон, якрӯву якро(ҳ),
Ки бинад дар паси як айби ночиз
Ҳазорон некиятро, хубиятро.

Вале шодӣ, ки дар армони ту ҳаст
Ҷаҳони ҳеҷкаснодида, обод.
Фурӯзон кун чароғи хонаатро,
Ҷаҳони орзуят бехалал бод!

Аз он чашмошноён ту махур ғам,
Макун з-онҳо ба ҷое шиквае ҳам.
Ки тобад хира дар оби гилолуд
Ба он рахшандагӣ хуршеди олам.

Фақат зоти худо беайб, – гӯянд,
Касе беайб андар зиндагӣ нест,
Ба пеши пои ту сад саҷда мекард,
Ба рӯи хок агар мебуду мезист!

6.6.1965

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед