Чаро?
| Май 23, 2016
Рубрика Аввал, Барои Кудакон, Зиндагонӣ, Қишлоқ - Деҳа, Шеър, Шӯхӣ - ханда
CКомментариев нет
Танам дарде надорад,
Дастаму поям баҷо,
Мехоҳам, коре кунам,
Наметавонам, чаро?
Ҳавлиро бояд рӯбам,
Шӯям фарши хонаро,
Аммо наметаонам,
Хушам наояд, чаро?
Оби равон махоҳад
Полези пурбори мо,
Сӯяш оби равонро
Мегардонам чаро?
Китобрамро кушоям,
Хушам равад ҳар куҷо,
Хуши перешони ман
Ҷамъ наёяд, чаро?
Ғул-ғули бозӣ ояд
Бар гӯшам аз кӯчаҳо,
Дар ҷойи худ нишастан
Наметавонам чаро?
Муаллиф: Убайд Раҷаб
Шарҳи худро нависед