Чашмҳои дурбинҳо кӯр бодо!
Аз ҳавои Тоҷикистон мезанад ҳар дам ҳавоӣ,
Ҷола-ҷола, ҷола-ҷола, чола-чола ҷолаи тир.
Дар миёни қоши духтарҳои тоҷик мешукуфад
Лола-лола,лола-лола, лола-лола лолаи тир.
Дар ҷигар гул карда доғаш, зинда аз доғӯаш чаканпӯш.
Дар кафан гул баста хунаш, мурда аз хунаш чаканпӯш.
Мекунад мардум ҳазар аз хеши ҳамхуни чаканпӯш,
Хеши ҳамхун карда аз хун то ба нохунаш чаканпӯш.
Чор фасли Тоҷикистонро, ки мо болида медидем,
Фасли киштан, фасли киштан, фасли киштан, фасли киштан,
Чор фасли Тоҷикистонро дигар нолида мебинем,
Фасли куштан, фасли куштан, фасли куштан, фасли куштан.
Чор фасли Тоҷикистонро, ки мо болида медидем,
Роҳати ҷон, роҳати ҷон, роҳати ҷон, роҳати ҷон.
Чор фасли Тоҷикистонро дигар нолида мебинем,
Офати ҷон, офати ҷон, офати ҷон, офати ҷон.
Ман ба онҳоям, ки берун мондаанд аз марзи ҷумҳур.
Дар лаби марзанду он фарқе надорад аз лаби гӯр.
Кӯр бодо! Кӯр бодо! Кӯр бодо! Кӯр!
Чашмҳои дурбинҳое, ки мебинанд аз ҳад дур!
Мекашад дарёи Панҷ аз банди гесӯи наистон,
Мӯи занҳои муҳоҷир чун раҳид аз панҷаи он?
Як наистон нолаам ман, як наистон печу тоб,
Як ҷигар дарёи хунам, як ҷигар дарёи об.
Кӯчиёни хаймаҳои зарди Майдони Шаҳидон
То Бадахшон, то Хуросон, то ба Покистону Эрон,
То куҷо паймуда хоке монда дар хоке шаҳидон,
То куҷо паймуда роҳе монда гӯристони эшон.
Зардии рухсораам аз дарбадаргардии ман нест,
Зард шуд рухсораам аз ҳамраҳони дарбадаргард.
Гар нависам дарбадаргардии онҳоро ба қоғаз,
Рӯи қоғаз мешавад чун қоғази рухсораам зард.
Ё мусофир ё муҳоҷир ҳар кучое ман, ки мурдам,
Бар сари қабрам нависед он замон — қабри муваққат.
Ҳамватанҳои парешонам, ки баргаштанд, ман ҳам
Хонаи худ боз мегардам аз он қабри муваққат.
Кушта бодо! Кушта бодо! Тухми онҳое, ки охир,
Чор фасли Тоҷикистон тухми тоҷик кушта буданд.
Кишта бодо! Кишта бодо! Тухми онҳое, ки охир,
Чор фасли Тоҷикистон тухми тоҷик кишта буданд.
14 августи 1994 шаҳри Маскав
Муаллиф: Бозор Собир