ЧАШМҲОЯШ

Аз нигоҳаш мечакад оҳангҳо,
Достонҳо, қиссаҳо, афсонаҳо.
Саргузашти чанд ошиқ,
Сарнавишти чанд ошиқ,
Нутқҳои нӯшбодӣ,
Қаҳ-қаҳи мастонаю фарёди шодӣ,
Нозиши хушбахтии яклаҳзагӣ,
Нолиши бархурдану бишкастани паймонаҳо.

Гӯиё дар гардиши чашмони ӯст
Косагардонии давру солҳо.
Дар нигоҳи сарду лағжон
Ҳар кӣ вақте дошт бар худ ошён,
Бесадо хонад зи умри рафтааш
Сафҳаи афсурдаи ишқи парешон.

… Буд ҳамчун сабзаҳои навдамида
Духтари поку ҳамида.
Аз ҳавасҳои ҷавонӣ маст буд,
Пеши болои баландаш,
Рутбаю унвони мардон паст буд…

Гултабассумҳои ӯ акнун париданд аз лабаш,
Чеҳраи коҳидааш хиҷлат кашад аз умри рафта.
Монда гулҳо дар баҳорон ношукуфта,
Чеҳрааш хандон, дилаш гирён,
Орзу дорад шукуфтан тирамоҳон.

Чашмҳояш, чашмҳои оташинаш,
Рӯйҳояш, рӯйҳои нозанинаш,
Чун бубинам, банд-банди пайкарам
дар ларза ояд.
Ёдам ояд як сукути мутлақи шаб,
Сӯхтан дар оташи таб.
Ёдам ояд бандҳои нокушуда,
бӯсаҳои норабуда…

1971

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед