Ҷунбиши гаҳвораи сабзаш — ҷунбишн набзаш

Ҳар дам чаро ҷаноза бихонем?
Ҳар дам чаро кабӯд бипушем?
Ҳар дам чаро бародари худро
Хунинкафан ба хок супорем?

Дасту бағал кушода биёед
Аз пӯстҳои хеш бароем,
Дар пӯстҳои ҳамдигар бидароем,
Аз ҷилди танги ҷанг бароем,
Дар ҷилди ору нанг дароем.

Дар пешгоҳи Ҳазрати Мавлоно,
Дар пешгоҳи чашмаи шаҳ Носир,
Пеши мазори Ҳазрати Султон,
Бо ҳам намози тавба гузорем,
Бо ҳам намози ҳ бихонем.

Аз мо шикаст ҳурмати ҳамхунӣ,
Аз мо шикаст ҳурмати ҳамширӣ,
Аз мо шикаст иззати хешӣ.
Аз мо шикаст решаи пайвандӣ.

Дар зери хоку моки Хуросон,
Дар зери сангу хоки Бадахшон,
Дар қабрҳои кӯҳнаи Хатлон,
Дар қалъаҳои кӯҳнаи Вахшон,
Аз шарми ҷанги мо
Ҷунбид устухони азизон,
Ҷунбид устухони ниёгон.

Ранҷида рӯҳи Бурхи Валӣ аз мо,
Ранҷида рӯҳи Буалӣ аз мо,
Ранҷида рӯҳи Рӯдакӣ аз мо,
Ранҷида рӯҳи Хоҷа Камол,
Ранҷида рӯҳи Ҳазрати Иқбол.

Хешу таборамон ҳама саргашта,
Саргаштаҳои гумгашта,
Хобанд пушта-пушта дар Афғонистон ,
Хобанд пушта-пушта дар Покистон,
Хобанд пушта-пушта дар Эрон.

Оё уммеди покии мо ҳаст?
Оре, уммеди покии мо ҳаст;
Бигузор, ҳамчу мардуми осӣ
Бӯсида риши мӯсафедонро,
Бӯсида чашми ятимонро,
Дар пеши пои ҳайкали Фирдавсӣ,
Дар пеши пои ҳайкали Сино,
Дар пеши пои ҳайкали Айнӣ,
Дар пеши пои ҳайкали Восеъ
Зонӯ занем аз пушаймонӣ,
Аз русиёҳӣ.

Барпо кунем ҷашни ниёиш,
Барпо кунем ҳафтаи пӯзиш,
Барпо кунем тантанаи бахшиш
В-аз устухонҳои шаҳидон,
Аз гӯрхонаҳои азизон,
Аз ҳар мазор узр бипурсем,
Аз ҳар шаҳид узр бипурсем,
Бо нолаҳои зор узр бипурсем.

Ҳар сина покшӯӣ шавад аз кина,
Ҳар даст покшуӣ шавад аз хун,
Ҳар чашм покшӯӣ шавад аз заҳр,
Ҳар ном покшӯӣ шавад аз доғ,
Яъне, ки покшӯӣ шавад барпо,
Монанди покшӯии тилло,
Аз касофати дарё.

Бигузор шири модари тоҷик
Чун чашмаи биҳиштӣ нахушкад!
Бигузор, гоҳвораи сабзаш
Ҷунбад баробари набзаш.

1995, шаҳри Маскав

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед