ЧАШМАИ ШОИР

Ҳеҷ донӣ ба Худгифи Соя1
Чашмае ҳаст – Чашмаи шоир.
Номи зебост, номи рӯҳангез,
Рӯҳи касро навозад он охир.
– Лек афсӯс, – худгифие гуфт:
Ҷӯши онро касе куҷо дида?
Сар занад навбаҳор агар як рӯз,
Рӯзи дигар бубинӣ хушкида.
Боз гуфто: зи Чашмаи шоир
Лаб ба гуфтор нокушудан беҳ.
Чашмае мисли он агар бошад,
Шоире мисли он набудан беҳ…
25.12.1985

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед