Чашмони афсонави

Мудомам маст медорад насими ҷаъди гесӯят,

Харобам мекунад ҳар дам фиреби чашми ҷодуят.

Пас аз чандин шикебоӣ шабе, ё Раб, тавон дидан,

Ки шамъи дида афрӯзем дар меҳроби абрӯят.

Саводи лавҳи бинишро азиз аз баҳри он дорам,

Ки ҷонро нусхае бошад зи лавҳи холи ҳиндӯят.

Ту гар хоҳӣ, ки ҷовидон ҷаҳон яксар биороӣ,

Саборо гӯ, ки бардорад замоне бурқаъ аз рӯят.

В-агар расми фано хоҳӣ, ки аз олам барандозӣ,

Барафшон, то фурӯ резад ҳазорон ҷон зи ҳар мӯят.

Ману боди сабо мискин, ду саргардони беҳосил,

Ман аз афсуни чашми масту ӯ аз бӯйи гесӯят.

Зиҳӣ ҳиммат, ки Ҳофизрост аз дунёву аз укбо,

Наёяд ҳеҷ дар чашмам ба ҷуз хоки сари кӯят.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед