Чи бадбахт аст он мулку маконе

Гул аз гул рангу бӯи нав бигирад,
Ҳам аз хуршед маҳ партав бигирад.
Гаҳ устод ақл омӯзад зи шогирд,
Гаҳе раҳбар паи пайрав бигирад.
Касоне, ки ҳамора бехурӯшанд,
На беақланд, на боақлу ҳушанд.
На бо туғён, на бо селанд ҳамрой,
Чу санги соҳили дарё хамӯшанд.
Шамоли тунди фасли тирамоҳон
Фурӯ резонд барги шохсорон,
Ту гӯӣ, баргҳо дар рӯи дунё
Парешонанд монанди ғарибон.
Ба рӯи роҳҳо барги хазон рехт,
Ки гӯӣ обрӯи бӯстон рехт,
Табиат пир шуд дар тирамоҳон,
Хазони умр як-як бенишон рехт.
Баҳор асту бирезад резаборон,
Нишоне хоҳад аз ман рӯзгорон.
Ҳар он нахле, ки биншондам, шавад кош
Сутуни хонаи навхонадорон.
Саҳар хуршед бикшояд дари ман,
Нишинад ҳамчу ёре дар бари ман.
Кушояд чашми рӯзи дигарамро,
Бипурсад, то чй бигзашт аз сари ман.
Ту бо ман сӯхтиву сохтй, ёр,
Диламро бехато бишнохтй, ёр.
Сари савдоии бесарварамро
Навозиш кардию афрохтӣ, ёр.
Ба ҳар паҳно биҷӯ паҳнои худро,
Аз ин дунё ситон дунёи худро.
Зи камобии дарё тирамоҳон
Бубин холи дили дарёи худро.
Чу мирад шоире, ҳайкал гузоранд,
Ҳисоби байтҳояшро шуморанд.
Вале аз шеърҳои мурдаи ӯ
Ба дилҳо заррае парво надоранд.
Чу ҳуснат шеъри виҷдонӣ надидам,
Чу мӯят риштаи ҷоне надидам.
Ба байти абруят дар шеъри тоҷик
Ягон шаҳбайти хамсоне надидам
Гаҳе на ёди хурду хоб кардем,
Ки то рози диле дарёб кардем.
Ьарои ташнагони зиндагонй
Дили худро шабу рӯз об кардем.
Дар ин дунё бубояд қаҳрамон буд,
Паи ҳифзи амонй беамон буд.
Ба дилнармӣ наёрӣ тоби сахтӣ,
Бибояд сахтрӯю сахтҷон буд.
Чаро таънам занй, беақли сода,
Ки ту чобуксавору ман пиёда?
Ба ҷое, ки саворон мешитобанд,
Расад оқил ба як ҷо истода
Бадо шаҳре, ки он ҷо оқиле не,
Барои фахри мардум фо^иле не.
Чи бадбахт аст он мулку маконе,
Ки дарё дораду дарёдиле не.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед