Чи кӯтаҳзиндагонӣ будай ту

Тую ман ҳам ҷавон будем вақте,
Фидоии замон будем вақте.
Нишони мо пас аз мурдан кӣ бошад?
Нишони мурдагон будем вақте.
Яке афсӯсу дигар ҷом хурда,
Ҳама хомему шири хомхурда.
Чу ояд офтоби мо лаби бом,
Наёбад моҳи моро шомхурда.
Фиреби ошноёнро чӣ гӯям?
Ғироми дӯстдоронро чӣ гӯям?
Занон мардона гоҳо ишқ варзанд,
Заифиҳои мардонро чӣ гӯям?!!
Дареғ аз ишқи пинҳони ману ту,
Дареғ аз аҳду паймони ману ту.
Ҷавонӣ буду давроневу бигзашт,
Дареғ аз давру даврони ману ту.
Чӣ мегӯӣ, баҳори мо гузашта,
Замони беғубори мо гузашта.
Канори ҳамдигар як шаб нахуфтем,
Ҷавонӣ аз канори мо гузашта.
Ду чашмат чашмаи илҳоми ман буд,
Сари зулфи ту саранҷоми ман буд.
Насиби ман нашуд қадди расоят,
Дареғо, аӣби ишқи хоми ман буд.
Чу ман дигар гирифторе наёбӣ,
Ба ғайри ман сазоворе наёбӣ.
Дар ин саҳрою дашти селроҳа
Басо гул ҷӯиву хоре наёбй.
Дило, фарёди ту ғар гӯшрас нест,
Чунин ёбам: ба олам ҳеҷ кас нест.
Гули тарро ба сарвақт ар набӯӣ,
Замину осмон ҷуз хору хас нест.
Равонам ҷониби фардои қисмат,
Зи дасти бераҳу саҳрои қисмат.
Дар ин дунёи нопайдоканора
Занам пай, то кунам пайдои қисмат.
Ҷаҳони хеш аз дунё биёбам,
Мақоми хеш дар дилҳо биёбам.
Валекин рӯзҳои рафтаамро
Бувад оё ки аз фардо биёбам?!
Ба ғардун моҳ ҳар мавсим набошад,
Вафои ошиқон доим набошад.
Вафо пироҳани танг асту кӯтоҳ,
Ба қадди ҳеҷ кас қоим набошад.
Ҳама нозат ғанимат бошад, эй гул,
Саропои ту давлат бошад, эй гул,
Туро баҳри муҳаббат офариданд,
Мададгорат муҳаббат бошад, эй гул.
Ду чашми толеъамро хоб бурдаст,
Сарамро гардиши гирдоб бурдаст,
Чу некй карда. афкандам ба дарё,
Тамоми некиямро об бурдаст…
Дарахти арғувоне будай ту,
Дурӯза гутфишоне будаӣ ту.
Дареғо. эй ҷавонй. эй ҷавонӣ,
Чи кӯтаҳзиндагонӣ будай ту.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед