Чи кор кунам?

Бо аҳли ҷоҳ нохуни зоғу паланг бош!
Дар коми шер арраи пушти наҳанг бош!
Дар маҷлисе, ки нест мурувват дар ӯ марав,
Дар шишае, ки нест дар ӯ бода санг бош!
Ҳамхонагӣ ба сурати девор пеша кун,
Як ҷо нишин, мусоҳиби номусу нанг бош!
Муҳтоҷи дастгирии кас чун камон машав,
Берун агар зи хона бароӣ, хаданг бош!…
Бар пушти рӯйи оина, эй Сайидо, бибин,
Гоҳе ба хеш сулҳ куну гаҳ ба ҷанг бош!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед