ЧӢ КУНАМ?!
Мо гиристем,
вале бар ғами мо хандиданд.
Уфтодем,
вале бар сари мо по монданд.
Мо ба онон ҳама аз хонаи худ ҷо додем,
Мардуми хонагадо хонахудоро ронданд.
Лек моро ба дари хонаи худ
Ҳеҷ кас роҳ надод.
Мекашиданд якеро чу ба дор,
Дигаре чӯбу расан овардем.
Амр шуд:
Гӯр канед
Ва дар он гӯр бимиред ҳама!
Гӯр кандему
ҳамоно мурдем.
Ба сари мурдаи мо ҳеҷ касе гиря накард,
Баски ҳар кас ба сари мурдаи худ мегиряд.
Чӣ кунам,
Боз ба домони сиришк овезам,
Ё дигар наъразанон бархезам?!
Шарҳи худро нависед