Чист он

Ин чӣ рангу рухсор аст, гулшани ҷамол аст ин,
Ин чӣ қадду рафтор аст, ғояти камол аст ин.
Пеши рӯйи тобонат, ҷилваи таҷаллӣ чист?
Офтобу Моҳ аст он, партави Ҳилол аст ин.
Бо даҳони майнӯшат, нест ғунчаро нисбат,
Чашмаи ҳаёт аст он, соғари сафол аст ин.
Мекунӣ гаҳ истиғно, мекунӣ гаҳе дашном,
Шишаи шароб аст он, шарбати висол аст ин.
Аз ту анҷуман кардан, май зи хуни дил хӯрдан
Базми пойдор аст он, айши безавол аст ин.
Аз замин чӣ меҷӯйи в-аз фалак чӣ мехоҳи?
Гунбази тилисм аст он, чодари хаёл аст ин.
Аз ғамат чу нақши по, хок мекунам бар сар,
Ваҳ чӣ рӯзгор аст он, оҳ ин чӣ ҳол аст ин.
Ҳамнишин маро бо ту ҳар кӣ дид мегӯяд.
Пири куҳнакор аст он, шӯхи хурдсол аст ин.
Ҳар куҷо ту мебошӣ, Сайидо бувад он ҷо,
Юсуфиву Миср аст он, ҳинду хокмон аст ин.



Шарҳи худро нависед