ЧОЧАК

Аз саҳар то шом,

Дорем мо мақом,

Чочи резинӣ,

Мондаем дар ком.

 

Дар ҷайби момо,

Дар ҷайби додо,

Чочаки бисёр,

Аз барои мо.

 

Ҷиҷии оча,

Ҷиҷии холла,

То ки шавад дам.

Мисли завола.

 

Дар саҳни ҳавлӣ,

Дар боғу яслӣ,

Макида гаштем,

Чочаки холӣ.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед