ЧОРПОРАҲО

Бар зулфи анбарини ту ман садқа мешавам,
Бар рӯи гандумини ту ман садқа мешавам.
Сӯям агар биёӣ, эй нозанин, ба ноз,
Бар нози нозанини ту манн садқа мешавам.

Сабзинанигори соф сабзинбаадан,
Ман садқа ба қошони сиёҳи чун қалам.
Аз омадан агар хабар доштаме,
Баргаштану рафтан намекард алам.

Дарёб диле, ки бар ту моил бошад,
Бигрез аз он дӯст, ки ҷоҳили бошад.
Вобастаи зиндагонии имрӯза,
Биншин ба кассе, ки хубу хушгил бошад.

Шавад рӯзе, ки ояд хотирад ин қассаҳои манн,
Ба ёд орӣ, наорӣ ҳам, формӯшат нахоҳам кард.
Агарчи зиндагӣ садсола умреро ба манн бахшад,
Ба хар солу ба ҳал як дам фаромӯшат нахоҳам кард.

Зулайхо эй, Зулайхо эй, Зулайхо эй,
Бо чашми мо намо худро, Зулайхо.
Шабе кун илтифоту дар канорат
Маро ҳам ҷоой бинмо, эй Зулайхо.

То сарви равони манн ту бошӣ,
Бо зеби ҷаҳони манн ту бошӣ.
Бо ҳусну латофати худодод
Худ мӯниси ҷони манн ту бошӣ.

Миёнимо раҳи дурр аст, дурр аст,
Ҷудоӣ ин қадар зӯр аст, зӯр аст.
Бидонӣ ё надонӣ дарди ошиқ,
Ки ошиқи лаҳзае кӯр аст, кӯр аст.

Нишастам рӯ ба рӯят як-ду соат,
Намудам гуфтаҳоятро итоят.
Бимон акнун, ки бӯсам аз лабона,
Наояд ин ҳама лекин малолат.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед