Чу барги

Чу барги коҳ гаштам аз ғамат коҳида-коҳида,
Заволи хештан дидам, туро нодида-нодида.
Чун туро бинам, ҷаҳон дар дидаам дигар шавад,
Хас гули хуррам намояд, санги хоро зар шавад.
Чанд дилхаста ба уммеди худо биншинӣ,
Вақти он аст, ки шодон бари мо биншинӣ.
Гули ман, милаатро ҷуфт кардӣ,
Ғаматро баҳри ошиқ муфт кардӣ.
Канда беҳ қасде, ки имон бишканад,
Хушк беҳ дасте, ки занро мезанад.
Моро ба мастӣ таънаю дашном мекунанд,
Чун бигзарем, аз гили мо ҷом мекунанд.
Гул агар хандад саҳар, ёди ҷамолат мекунам,
Гул ба гул печад агар, ёди висолат мекунам.
Пешу пас мо медавем андар ҷаҳони макру фан,
Ман зи пушти зиндагониву аҷал аз пушти ман.
То ба асли хештан баргаштаем,
Эй басо мо асли худро куштаем.
Ишқ оғоз мешавад имшаб,
Дари дил боз мешавад имшаб.
То даме, ки ҳусни ту олампаноҳ аст,
Ошиқи ғарқи гуноҳат бегуноҳ аст.
Мо барои бода хӯрдан омадем,
На барои лода мурдан омадем.
Ҳар гапе пеши даҳан меояд,
На ҳама зеби сухан меояд.
Таарруз не, тақарруб кун,
Таассуб не, тааҷҷуб кун.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед