Чу хубон укдаи кокул кушоданд

Миёни боғ себам додӣ, эӣ гул.
Ба сад ваъда фиребам додӣ. эй гул.
Дили ман рост буду роҳи ман рост,
Нишон роҳи нишебам додӣ, эй гул.
Ба ошиқ меҳрубонӣ кун, гули ман,
Зи ёрон дилситонӣ кун, гули ман,
Зи қабристон гузар созӣ чу ҳар бор,
Даме шукри ҷавонӣ кун, гули ман.
Лаби дарё насими тоза дорад,
Муҳаббат ҳам дару дарвоза дорад.
Кушояд ҳар касе дарвозаашро,
Ки ному шуҳрату овоза дорад.
Чӣ хонӣ худписандам, эй бародар,
Занӣ чӣ нешхандам, эй бародар.
Ту аз саҳрои хушку бегиёҳӣ,
Ман аз кӯҳи баландам, эй бародар.
Гурӯҳе аз тамомӣ нотамоманд,
Агарчи пухта мегӯянд, хоманд.
Аҷаб дорам ман аз такдири онон,
Ки доранд обрӯю ташнакоманд.
Ту будӣ, эй падар, овораи ман,
Хатою саҳви ту шуд чораи ман
Фидо гаштӣ. фидо гаштӣ ту он сон,
Ки тобути ту шуд гаҳвораи ман
Шаби торику бимафкан бимирам,
Ва ё рӯзи хушу равшан бимирам.
Чӣ фарқи рӯзу шаб? Ҳай<Ь аст, ҳайф аст, Ки мирад оламе, чун ман бимирам  Бузургон гар сағиранду кабиранд, Ба ҳар зулматсаро равшанзамиранд. Басо безарфи дун шодоб бошад, Вале дарёдилон лабташна миранд. Замоне бигзарад исёну шӯрат, Ҳама андешаҳои роҳи дурат. Ҳазорон боғ сабзонӣ ба уммед, Бирӯяд то дарахте рӯи гӯрат. Зи ношодии мо шоданд чанде, Зи бедардӣ танободанд чанде, Зи сайди зинда метарсанд аз дур, Ба сайди мурда сайёданд чанде. Ду-се рӯзе, ки меҳмони заминам, Ду-се рӯзе, ки бо дунё қаринам, Мисоли гулпаракҳо дар баҳорон Зи як гул бар гули дигар нишинам. Ситора чашми бедори ту бошад, Дили поки ман исори ту бошад. Бупечад дар балову зор мирад, Касе дар қасди озори ту бошад. Баҳор омад, дарахтон гул кушоданд, Чу хубон укдаи кокул кушоданд. Ҳама озодаву озод, гӯӣ Ки аз пои асирон ғул кушоданд. Шикори бахт доим бебарор аст, Шумори вақт доим бешумор аст. Канори рӯд як каф об хурдем, Надонистем, к-он ҳам раҳгузор аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед