Чу ман дарёдилам дар зиндагонӣ
Касе аз дарди мо парво надорад,
Ки мисли мо дили шайдо надорад.
Зи шӯри мавҷу аз гирдоб тарсад,
Касе чун мо дили дарё надорад.
Ҳама бечораю безарфу танҳост,
Тани танҳо ба зидди ҷумла дунёст,
Тамоми умр бо дунё ситезем,
Миёну мову дунё душманиҳост.
Яке ёду дигар фарёд дорад,
Яке доду дигар бедод дорад.
Касе, к-аз ақлу дониш дур бошад,
Ба буҳтонбофӣ истеъдод дорад.
Зи шеъри мо дили моро шиносанд,
Зи феъли мо гили моро шиносанд.
Зи ранги рӯи мо дар гардиши вақт
Бисоти манзили моро шиносанд.
Чӣ суд андешаи имрӯзу фардо,
Лаби дарё мабош аз хушклабҳо.
Лаби дарё бинеҳ лаб бар лаби ёр,
Ки осон бигзарӣ аз баҳри дунё.
Дили моро дигар дилбар намонда,
Дигар шӯру шарар дар сар намонда.
Зи оташҳо. ки дардодем дар ишқ,
Нишоне ғайри хокистар намонда.
Рахи дуру раҳи дуру рахи дур,
Маро аз ту ҷудо карданд мачбур.
Дили моро надиданду нахонданд,
Илоҳо, чашми биношон шавад кӯр!
Машав аз ину он мағрур, эй дил,
Сабуксорӣ набошад кори оқил.
Зи таърифи зиёд аз ҳад наболӣ,
Ки он ҳам мекушад чун заҳри қотил.
Аз ин дунё, аз ин дунёи зебо
Басо рафтанд беному нишонҳо.
Ситора ҷуставу мурданд бешамъ,
Худо ҷустанду гум карданд худро.
Дареғ аз сӯхтанҳои ниҳонӣ,
Дареғ аз лаҳзаҳои достонӣ.
Туро ҳамбахти лоиқ хонда будам,
Дареғ аз орзуҳои ҷавонӣ!
Агар шеъре шунидӣ, ёди ман кун,
Агар оҳе кашидӣ, ёди ман кун.
Агар тундар дурахшиду ту аз тарс
Зи ҷо як қад паридӣ, ёди ман кун.
Биё, то гӯямат шарҳи ғами дил,
Сухан бикшоям аз бешу ками дил.
Чӣ мебинӣ зи сайри рӯи олам,
Биё, сайре бикун дар олами дил.
Туро бар сар кашам, эй ҷоми кошӣ,
Ки дил ояд ба туғёну талоше.
Туро лабрез созад соқие боз,
Вале тарсам насиби ман набошӣ.
Мабодо дар ягон саҳро бимирам,
Мабодо бекасу танҳо бимирам.
Чу ман дарёдилам дар зиндагонӣ.
Бибояд дар дили дарё бимирам.