Чу оҳу меранҷӣ
Қадат дар чашми худ ҷо кардаам, эй дӯст, меранҷӣ?
Ниҳолат гуфтаам сарви лаби ин ҷуст, меранҷӣ?
Шуд аз наззораи рухсори ту гулдаста мижгонам,
Нигоҳам морпечи тоқи ин абрӯст, меранҷӣ?
Ба фикри рӯйи ту умрест ман пушти хаме дорам.
Сарам чун ғунча дар оинаи зонуст, меранҷӣ?
Маро ҷурме набошад, оҳи ман ғайр аз гирифторӣ,
Каманди гардани ман ҳалқаи он мӯст, меранҷӣ?!
Ба ҳоли Сайидо умрест парвое намесозӣ,
Биёбонгард аз дасти ту чун оҳуст, меранҷӣ?
Шарҳи худро нависед