Чун бод занад панҷа бар зулфи парешонат
Ман ошиқи беёдат, эй ҳусни худодода,
Беёдаму дар ёдат, эй ҳусни худодода.
Чун бод занад панҷа бар зулфи парешонат,
Ман куштаю барбодат, эй ҳусни худодода.
Ҳардуст худодода — ҳусни туву ишқи ман,
Ман ёри худододат, эй ҳусни худодода.
Эй баҳри дамони ҳусн, эй нури ҷаҳони ҳусн,
Эзид чӣ ҷаҳон додат, эй ҳусни худодода.
Ман ошиқи масти ту, дар панҷаву шасти ту,
Дилрешу дилободат, эй ҳусни худодода.
Дар пои ту мемирам, то умри абад ёбам,
То умри абад бодат, эй ҳусни худодода.
Дар ин дили садпора як пораи хуршедӣ,
Ман шуълаи эҷодат, эй ҳусни худодода!
1985
Шарҳи худро нависед