ЧУН ХАЙМА КАШИД ГУЛ БА САҲРО…
Чун хайма кашид гул ба саҳро,
Шуд хок ба рӯи гул мутарро.
Хандид шукуфа бар дарахтон,
Чун сиккаи рӯи некбахтон.
Аз лолаи сурху аз гули зард,
Гетӣ алами дуранг бар кард.
Аз баргу наво ба боғу бӯстолн,
Бо баргу наво ҳазордастон.
Серобии сабзаҳои навхез,
Аз лӯълӯи тар зумуррангез…
Зулфайни бунафша аз дарозӣ,
Дар пой фитода вақти бозӣ.
Ғунча камар устувор мекард,
Пайконкашие зи зор мекард:
Гул бофт ситабрақи ҳарирӣ,
Шуд бод ба гӯшворагириӣ…
Шамшод ба ҷаъд шона кардан,
Гулноро ба нор дона кардан.
Наргис зи димоғи оташинтоб
Чун табзадагон биҷаста аз хоб…
Гул дида ба тарс боз мекард,
Мислаш чу надид, ноз мекард.
Савсан на забон, ки теғ дар бар,
Не, не ғалатам, ки теғ бар сар.
Мурғони забонгирифта чун зоғ
Бикшода забони ҳол дар боғ…
Ҳар фохта бар сари чиноре
Дар замзамаи ҳадиси ёре;
Булбул зи дарахт сар кашида,
Маҷнунсифат оҳ баркашида;
Гул чун рухи Лайлӣ аз аморӣ
Берун зада сар бар тоҷдорӣ.
Дар фасли гуле чунин ҳамоюн
Лайлӣ зи висоқ рафта берун…