КОРЕЗИ ФИРДАВСӢ

Орзуе дошт Фирдавсӣ ба дил,
Ранҷи чандинсола гар судаш диҳад,
Баҳри подоши суханҳои баланд
Силае гар шоҳ Маҳмудаш диҳад,
Дар деҳи Бож аз барои ҳамдеҳон
Аз барои хайр корезе канад.
Об орад бар замини хушклаб,
Ташнагиҳои заминро бишканад.
Лек на Маҳмуд инъомаш бидод,
На замини ҳамдеҳонаш об хурд.
Шоир андар орзуи ҷӯи об
Ҳамчу оби ҷӯй печутоб хурд.
Орзуи шоир андар дил бимурд,
Об н-омад ҳеҷ андар ҷӯи ӯ,
Лек корезе, ки андар назм канд,
Пур бувад ҷовид з-оби рӯи ӯ.
Оре, корезе, ки андар назм канд,
Ҷовидон ҷорист бар нафъи башар.
Лек дар ӯ об не, хуни дил аст,
Лек дар ӯ об не, хуни ҷигар…
17.2.1976

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед