КӮҲҲО
Лашкари сафкашидаи сангин,
Урдуи бар набард омода,
Даст бар даст ҳамчу занҷире,
Сарбаланду шуҷоъу озода;
Корвонҳои сангбаста ба роҳ,
Бори сангини қисмати тоҷик,
Ё нишони таҳаммулу тоқат,
Ё баландии ҳиммати тоҷик –
Кӯҳҳо, кӯҳҳои кишвари ман –
Ҳайкали орзуи аҷдоданд,
Ҳам замингир, ҳам фалаксоянд,
Пойбаста, вале сарозоданд…
Китф бар китф, дӯш бар дӯшанд
Кӯҳҳо дар паноҳи якдигар.
Пойдоранд паҳлу дар паҳлу –
Ҷовидон такягоҳи якдигар.
Саф кашида ҳама бародарвор
Безабонанду ҳамзабон шудаанд.
То яке сарбаландтар бошад,
Дигарон муттакои он шудаанд…
Пушт дар пушт, паҳлу дар паҳлу
Такягоҳе барои ҳамдигар.
Натавонанд баски поистан
Бе мадад, бе бақои ҳамдигар…
25.11.1973
Шарҳи худро нависед