КӮҲИ ХОРО
Кӯҳи хорое, ки хуршеди саҳар
Мекунад бо меҳр онро гулбасар,
Ифтихори мо бувад!
Ҳаргиз матарс
Даҳшатовар гарчи тобад дар назар
Ганҷи моро посбонӣ мекунад,
Бар диёри мост монанди сипар,
Гар дили сангинаш овардӣ ба даст,
Мефарорад бар ту бо таъзим сар,
Мекушояд пеши ту дарҳои ганҷ,
Доманат пур мекунад бо симу зар,
Мешавад бедор, агар хобидааст,
Бо нидои рӯҳфазои коргар.
Сохиби лаъли Бадахшон аст ӯ,
Иқтидори Тоҷикистон аст ӯ!
Шарҳи худро нависед