КУҶО РАФТӢ, ҶАВОНИЯМ?

Куҷо шуд мӯи мушкинат?
Куҷо шуд дасти гулчинат?
Куҷо шуд Моҳу Парвинат?
Куҷо шуд ёри ширинат?
Чу тире бар ҳаво рафтӣ,
Чу атре бо сабо рафтӣ,
Куҷо рафтӣ, ҷавониям?
Ҷавониям, куҷо рафтӣ?
162 Лоиқ Шералӣ
Куҷо шуд авҷи парвозат?
Куҷо шуд ҳусни оғозат?
Куҷо шуд ишваву нозат?
Куҷо шуд фасли эъҷозат?
Чу ахтар аз само рафтӣ,
Чу кафтар аз фазо рафтӣ,
Куҷо рафтӣ, ҷавониям?
Ҷавониям, куҷо рафтӣ?
Куҷо шуд шавқи дарёят?
Куҷо шуд ганҷи дунёят?
Куҷо шуд ҷони шайдоят?
Куҷо шуд доғи савдоят?
Ба даргоҳи худо рафтӣ,
Чаро аз мо ҷудо рафтӣ?
Куҷо рафтӣ, ҷавониям?
Ҷавониям, куҷо рафтӣ?
Тароват ку? Муҳаббат ку?
Садоқат ку? Саодат ку?
Зи ғамхорон мурувват ку?
Зи бадгӯён маломат ку?
Зи ман, эй бевафо, рафтӣ,
Зи умрам чун сафо рафтӣ.
Куҷо рафтӣ, ҷавониям?
Ҷавониям, куҷо рафтӣ?
Зи шеърам чун дуо рафтӣ,
Зи созам чун наво рафтӣ,
Зи чашмам чун зиё рафтӣ,
Зи дастам чун сахо рафтӣ.
Равою нораво рафтӣ,
Сазою носазо рафтӣ.
Куҷо рафтӣ, ҷавониям?
Ҷавониям, куҷо рафтӣ?
Зи мо рафтӣ ба асрорат,
Ба ашъорат, ба афкорат.
Зи мо рафтӣ, худо ёрат,
Вале бо ҷумла осорат
Чаро рафтӣ, ҷавониам,
Чаро рафтӣ, чаро рафтӣ?
Куҷо рафтӣ, ҷавониям?
Ҷавониям, куҷо рафтӣ?
* * *
Боз аз дур туро дидаму рафт
Дилам аз раҳгузари хотираҳо.
Мӯи афшони ту ёдам омад,
Бо ҳама замзамаи шаршараҳо.
Оҳ, он шаршараҳо хуш буданд –
Поку шаффофу хаёлолуда.
Мӯи нобофтаат меларзид
Ҳамчу набзи мани ноосуда.
Оҳ, он шаршараҳоро дорам
Дар дилам мисли ҷунункории ишқ.
Аз ту он шаршараҳо мехонанд
Ёдгоре зи ҷигархории ишқ.
Ёд дорам, ки чӣ сон гесуро
Зери як шаршарае тар кардӣ.
Баъд аз он бо ҳама эҳсоси шадид
Дар дилам шӯриши маҳшар кардӣ.
Баъд аз он бо ҳама тӯфони ҷунун
Ту маро хуб ба гирдоб задӣ.
Ба дили сӯхта хокистари ман,
Боз оташ задӣ, боз об задӣ.
Баъд дар домани Варзобдара
Домани васли ту дар дастам буд.
Ман туро доштаму дигар ҳеҷ,
Баски аз ишқ ҳамин қасдам буд.
Баъд аз он ишқи ту дар синаи ман
Барқ зад, шуълаи озод кашид.
Ман нагуфтам ба фалак додамро,
Баски оғӯши ту бар дод расид.
Муддате чанд чу ҳамқисмати ман
Будӣ пайванд ба армонҳоям.
Бо ҳама содагию беҷурмӣ
Будӣ сарманшаи исёнҳоям.
Чӣ кунам, навбати исён бигузашт,
Хуни ман сард шуд аз гармии дард.
Баъди афсӯсу пушаймон хурдан
Оҳи сардам ба дилат кора накард.
Эй дареғи ҳама он содагиҳо,
Ки ту бар шеър ҳамемонистӣ.
Ту на он астӣ кунун, ки будӣ,
Ман на онам, ки ту медонистӣ.
Ёд бодо ҳама он манзараҳо,
Ёд бодо ҳама он хотираҳо.
Ёд аз домани Варзобдара,
Ёд аз замзамаи шаршараҳо!
7.6.1980

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед