КӮРХАТ
Кӯрхат бинвис, ало мавлои Вақт,
ки басо гумкардаҳо дорам ба маҷрои замона,
ки басо гумкардаҳо дорам ба ину он баҳона,
дар ҷаҳони бекарона
дар талоши рӯзгори ҷовидона.
Дар масири Вақт,
дар масири гардиши Таърих
эй басо гумкардаҳо дорам,
ки рафта бенишону бенишона;
ки алорағми дубинҳо дурбин буданд, аммо
ман надонам дуртар рафтанд ё на…
дани он нависанд.
Кӯрхат бинвис, ало мавлои Вақт.
Кӯрхат бинвис,
ки ман бе буди онҳо кӯр хоҳам шуд.
Гар ман онҳоро биёбам,
мешавам бар хеш наздик,
гар наёбам,
аз худу аз зиндагонӣ дур хоҳам шуд;
гар наёбам,
мисли онҳо низ андар гӯр хоҳам шуд.
Кӯрхат бинвис,
ки ёбам ганҷҳои мурдаро,
шаҳрҳои душманон аз пеши чашмам бурдаро,
ҳам китоби ғарқи дарё гаштаро,
илму фарҳанги адувон куштаро,
шоиру шеъри ба хун оғуштаро…
Кӯрхат бинвис, ки ёбам
як гурӯҳи аз дурангиҳои вақт
дар сароби интихоби асли худ раҳгумзада,
асли худро ройгон бифрӯхта,
ҷои фахру нанги миллат
ҷои зарҳалкории фарҳанги миллат
симу зар андӯхта,
дар шарори оташи зар зоти худро сӯхта,
оқибат андар гуми гумномиҳо саргаштаро…
Кӯрхат бинвис, ало мавлои Вақт,
ки биёбад Модари Шӯро
бист милён шерзанҳо, шермардони Ватанро,
ҷони худро дар бало бинҳода, аммо
вораҳонда аз бало ҷони Ватанро.
Кӯрхат бинвис,
ки ёбам аскари гумномро –
номи худ гум кардаву бахшида бар мо номро,
коми дил настондаву бахшида бар мо комро,
рафта аз айёми худ новақт, аммо
офарида баҳри мо оромии айёмро.
Кӯрхат бинвис,
ки ёбад Модари Шӯро
зи ақсои ҳама дунё
он ҷигарбандони ҷонбози ҷаҳонро,
ҳомилони дӯстии ҷовидонро,
қитъа-қитъа бурда бар шаш қитъаи олам
орзуи модаронро,
довариҳои замонро;
он ҷигарбандони анбози ҷаҳонро,
ки ба ҳар ҷо пораи дил,
пораи ҷон мондаанд,
пораи ихлосу имон мондаанд.
Нақши пою нақши дасту нақши ном,
нақши давру нақши парвози хирад
дар замин,
дар авҷи кайҳон мондаанд.
Кӯрхат бинвис, ало мавлои Вақт,
ки биёбад одамӣ гумкардаҳои хештанро!
* * *
Хонаат чунки дар лаби дарёст,
Ҳар саҳар бинӣ рӯи дарёро.
Хонӣ аз хатти печ-печи мавҷ
Номаи орзуи дарёро.
Ҳар саҳар рӯй шӯӣ дар дарё,
Нӯки мӯят дар об ҳалқа занад.
Мавҷи бетоб баҳри побӯсат
Бо ҳазор изтироб ҳалқа занад.
Бинӣ ҳар субҳ: гӯиё дарё
Чун ту дорад шитоб ҷониби кор.
Кори ту якнавохту якранг,
Кори дарёст лек нотакрор…
Мезанад мавҷу меравад дарё,
Аз дари хонаат шабу рӯзон.
Дили дарёст сарду гилбаста,
Дили ту пур зи оташи сӯзон.
Ончунон оташе, ки то боқист,
Ҳеҷ дарё наметавонад кушт.
Ончунон оташе, ки бо сад қасд
Балки дунё наметавонад кушт.
Баски ҳар лаҳзае ту мебинӣ
Латмаи мавҷу тоқати соҳил.
Баски медонӣ дар лаби дарё
Қадри дарёву қадри дарёдил…
Мезанад мавҷу меравад дарё,
Соҳили чап аз ӯву соҳили рост.
Мисли дарё яқин намемирад
Зиндагӣ кард ҳар кӣ бо дили рост.
Ишқ ҳам филмасал агар дарёст,
Мисли дарё варо ду соҳил нест.
Ташнаю бенасиб дар соҳил
Он бимонад, ки ошиқи дил нест.
Ошиқи дил тавонӣ он гаҳ буд,
Ки ба қадри маоли дил бирасӣ,
Чун табибе ба бистари бемор
Ба ҷавоби суоли дил бирасӣ…
Хоҳамат ишқ – ишқи дарёе,
Ки ба дарё ҷунун биёмӯзад.
Хоҳамат бахт – бахти яктое,
Ки дили зиндагӣ биафрӯзад.
Хона дорӣ чу дар лаби дарё,
Рӯзгорат ба сони дарё бод.
Эман аз ҳилаи инонгирон
Ишқи ту ҳаминони дарё бод!
20.4.1985