СУРУД

Ту аз ҳама зеботарӣ,
Ту аз ҳама донотарӣ.
Ман гуфтаму мегӯямат,
Аз дигарон болотарӣ.

Эй ишқи яздонӣ, биё,
Эй нури раҳмонӣ, биё.

Аз дӯстони ҷониям
Танҳо туӣ ҷонони ман.
Эй кошкӣ бошем мо,
Ман ҷони ту, ту ҷони манн.

Эй ишқи яздонӣ, биё,
Эй нури раҳмонӣ, биё.

Ту дилбари озодаӣ,
Ҷони мани дилдодаӣ.
Бешубҳа мегӯям ба ту,
Зебову поку содаӣ.

Эй ишқи яздонӣ, биё,
Эй нури раҳмонӣ, биё

Нақши ту бошад дар дилам,
Қалби ту бошад манзилам.
Мафтуну шайдо туям,
Эй дилситони хушгилам.

Эй ишқи яздонӣ, биё,
Эй нури раҳмонӣ, биё.

Ту ҷоми ман, ман ҷоми ту,
Ҷонам фидои номи ту.
Ту ҷони манн, ман ҷони ту,
Ҷои намозам хони ту.

Эй ишқи яздонӣ, биё,
Эй нури раҳмонӣ, биё.

Дар омаду омадгарӣ,
Дар роҳи ошиқпарварӣ
Ту бебаҳову беҳатрӣ,
Ин аст расми дилбарӣ.

Эй ишқи яздонӣ, биё,
Эй нури раҳмонӣ, биё

То бо манӣ дар ин ҷаҳон,
Ту бегазанду бехазон.
Бо лутфи пурэъҷози худ
Бошӣ ҳамеша ҷовидон!

Эй ишқи яздонӣ, биё,
Эй нури раҳмонӣ, биё.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед