Дӯст
Аввал ту буди хайрхоҳ,
Кардӣ ба чашми ҳақ нигоҳ.
Вақти ту сарфи кор буд,
Қори ту шӯҳратдор буд.
Баъди ду-се маҳ лек ту
Гаштӣ дигар дар хулқухӯ.
Одамгарӣ партофтӣ,
Бар -одамӣ биштофтӣ.
Дур аз ҳақиқатҳо шудӣ,
Дар фикри ҷовупо шудӣ.
Дар гӯшаи пурзебуфар,
Аз чашми мардум дуртар
Як қасри зебо сохтӣ,
Бо оби зар пардохтӣ.
Кардӣ зи худ харҷи каме,
Бар дил надода ҷо ғаме,
Аз кисаи давлат задӣ, Бисёру беминнат задӣ.
Мансаб чу шуд дар хизматат, Рӯ бар камӣ зад ҳурматат.
Шуд норизоӣ аз ту беш,
Имрӯз пур аз рӯзи пеш.
Охир ту ҳамчу пурҳиял
Сар карда аз сангу шағал,
То рангубори хонаат
Маъвои пурафсонаат
Як оиргад одамро ба кор
Карди ду-се маҳ раҳсипор.
Қори ту карданду вале
Нашнид яктояш бале.
Бар музди онон бемалӯл
Шуд аз идора сарф пул.
Гашт ин ба кирдорат бало,
Бар нафси таҳдорат бало.
Ғавғои мардум шуд баланд,
Дигар накардат кас писанд.
Карданд аз ҷоят гусел
Бо зарби чӯбу сангу бел.
Гуфтанд: «Аз гови вуҳуш Холист агар оғил, чӣ хуш!»
Наздик шуд судат кунанд
, Аз чашм нобудат кунанд.
Бо кӯмаки як-ду тағо
Дидӣ халосӣ аз бало.
Ҷои дпгар раҳбар шудӣ,_
Як қадр вазнинтар шудӣ.
Шуд тарзи корп ту дигар
, Кардӣ ду гӯшат гоҳ кар.
Нашнидй гапҳои ғалйз,
Кайфат ба худ хондӣ азиз.
Бар котиба ошиқ шудӣ,
Гӯё ба ин лоиқ шудӣ.
Кардӣ ба курорташ равон,
Рафтӣ зи пушташ пас давон.
Гӯянд, дуздию ғарӣ
Бо чашми ақлат бингарӣ,
Пинҳон намонад аз назар,
Бошад таҳи саргини хар.
Овоза омад бар занат,
Шуд бохабар хушдоманат.
Фардои маҳшар шуд ба по,
(Қандат хӯру ин ҷо даро).
Тифлон ҳама ҳайрон шуданд.
Аз доду ваҳ гирён шуданд.
Ҷони ту омад бар лабат,
Шуд тортар рӯз аз шабат.
Гӯре агар меёфтӣ,
Худро ту мепартофтӣ.
Афтидӣ андар каш-каше,
Ту хас шудӣ, зан оташе.
Дар гиряву фиқ-фиқ шудӣ,
Шарманда чун фосиқ шудӣ.
Рафти зи мансаб боз ту
Дар як нафас бо тоз ту.
Гардид бар мардум сабақ,
Ин кори ту рӯи варақ.
Як сол бигзашт аз миён,
Аз нав даромад бар ту ҷон.
Шуд аз тағоҷонҳо мадад
Бо зӯру зарби беадад.
Гуфтанд: «Қоҳи кӯҳна бод
Аз хотири рӯзи мурод
Кардан надорад эҳтиёҷ,
Хоҳем бар кораш ривоҷ».
Ҳоло ту дар кори навӣ,
Гӯям, ки сардори навӣ.
Мансаб, ки акнун з-они туст,
Бе дарду ғам даврони туст.
Бо сад ҳавас мошинхарӣ,
Аз «Волга»ҳои дилбаре.
Аз кормандонат талаб
Қардӣ мадад аз ин сабаб.
Сад сӯмӣ аз сесад нафар,
Бигрифтаӣ чун фитнагар.
Миш-миш миёни одамон
Пайдо шуда бигрифта ҷон,
Ҳар ҷо парешон бошадо,
Аиб аз ҷнғилдон бошадо.
Ҳар ду тағоят ннчунин
Гаштанд бас попннишпн.
Афтода аз мизи балапд,
Беобрӯ гардпдаанд.
Дар ҷои корат ғур-ғур аст,
Аз кунҷковак бас пур аст.
Бошад ҷиноятномаат
Бар чашми неку чаими бад
Аз таксарӣ ҳам ғафстар,
Балки расад то пеши бар.
Шабхо наояд хоби ту
Бар дидаи пур-оби ту.
Рӯзат ҳисобӣ мондааст,
Рӯ бар харобӣ мондааст.
— Бас кун, мабин фолам дпгар,
Ки зад фишори хун ба сар.
Куштӣ маро бо фолп худ,
Безорам аз аҳволи худ.
НАХУСТИН РӮЗИ кор
Соли Нав омад, иахустин рӯзи кор
Дил хурӯшон шуд чу оби чашмасор.
Нимаи шаб буд, ё оғози рӯз,
Хестам аз хоб бо ҷеғи хурӯс.
Пеши садри кор гардидам равон
, Қарда такрор исми некаш бар забон.
Гуфтам: аз вай ман бигирам маслиқат,
Нест баски маслпҳат беманфиат.
Рафта гаштам дар қабулгоҳ интизор,
Кас набуд ин чо ба ҷуз ман чашми чор.
Баъди се соат биёмад хӯҷаин,
Дӯхта чашму нигаҳ сӯи замин.
Бе калому бе саломе омад ӯ,_
Тирару монанди шоме омад у.
Гашт ворид аз пасаш бо уичу ноз
Як зани олуфтаи кокулдароз.
Ефт охир сӯҳбати онҳо кашол
Бештар аз чор соат бемалол.
Ҷон аз ин омад маро гӯӣ ба лаб,
Гашт ноором ҳар тори асаб,
Муаллиф: Ашӯр Сафар