Дӯстам

Дӯстам, айём хорат кардааст,
Тундкпрӣ кундкорат кардааст.
Амру фармони ду-се чавкисавор
Уштуросо зери борат кардааст.
Ҳар мадорое, ки кардӣ бо замон,
Безамонат, бемадорат кардааст.
Бас қароре, ки ту нҷро кардаӣ,
Дур аз амну қарорат кардааст.
Бобарориҳои иҷрои пилон
Бебарори рӯзгорат кардааст
Оташи пурдуди ҳар ваъзи баланд,
Бошафоат бешарорат кардааст
Дар сари сарчашмаи оби зулол
Оби заҳролуд корат кардааст.
Он ҳама тиллои батни кӯҳсор
Ганҷбони хоксорат кардааст.
Сарфишониҳо саразро хурдааст,
Чоннисорихо низорат кардаасз
1988

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед