Дар ҳаққи Мунира Ҳакимова

Шарики туй ба ҳар манзил,
Гуле буди ба ҳар маҳфил,
Ҳунармандонро ҳамдил,
Ба рӯзи ид куҷо рафтӣ,
Зи мо дорулбақо рафти!

Буди ту беҳтарин инсон,
Ба ҳар кас буда апаҷон,
Ҳамаро карда зуд ҳайрон,
Бимонда мо куҷо рафтӣ?
Чи зуд дорулбақо рафтӣ!

Чи бас буди, ту хушгуфтор,
Чу булбул буди дар гулзор,
Зи дасти марг вале зинҳор,
Чаро рафтӣ, чаро рафтӣ,
Ту зуд дорулбақо рафтӣ!

Шаби торик чароғон буд,
Зи будат боғу бустон буд,
Қадамгоҳат гулистон буд,
Нури дилҳо куҷо рафтӣ,
Чи зуд дорулбақо рафтӣ!

Бирафти нест ҳамтоят,
Шаванд пазмони овоят,
Ҳама ошикқи шайдоят,
Куҷо рафти, куҷо рафтӣ,
Чи зуд дорулбақо рафти!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед