Дар баёни накуҳиши нафси аммора
Оқил он бошад, ки ӯ шокир бувад,
В-он гаҳе бар нафси худ коҳир бувад.
Ҳар ки хашми худ фуру хурд, эй ҷавон,
Бошад ӯ аз растагорони ҷаҳон.
Он бувад аблаҳтарини мардумон,
К-аз пайи нафсу ҳаво бошад давон.
В-он гаҳе пиндорад он торикрой
Хоҳад омурзиданаш охир Худой,
Гарчи дарвеши бувад сахт, эй писар,
Ҳам зи дарвеши набошад хубтар.
Ҳар ки ӯро нафси тавсан ром шуд,
Аз хирадмандони некуном шуд.
Дар риёзат нафси бадро гушмол,
То наяндозад туро андар вубол.
Ҳар ки хоҳад, то саломат монад ӯ,
Аз ҷамеи хулқ рӯ гардонад ӯ.
Мардумонро сар ба сар дар хоб дон,
Гашт бедор он, ки ӯ рафт аз ҷаҳон.
Он ки ранҷонад туро, узраш пазир,
То биёби мағфират, бар вай магир!
Ҳақ надорад дуст халқозорро,
Нест ин хислат яке диндорро.
Аз ситам ҳар, к-ӯ дилеро реш кард,
Он ҷароҳат бар вуҷуди хеш кард.
Он ки дар банди дилозори бувад,
Дар уқубат кори ӯ зори бувад.
Эй писар, қасди дилозори макун!
В-аз Худои хеш безорӣ макун!
Хотири касро маранҷон, эй писар!
Варна хӯрдӣ захм бар ҷон, эй писар!
Номи мардум ҷуз ба некуй мабар,
Гар ҳамехоҳӣ, ки гардй муътабар.
Қуввати некй надорӣ, бад макун!
Бар вуҷуди худ ситам беҳад макун!
Рав, забон аз ғайбати мардум бибанд,
То набинй дасту пойи худ ба банд!
Ҳар ки аз ғайбат забонаш баста нест,
Он чунон кас аз уқубат раста нест.