Дар қоимаи ҳайкали Рӯдакӣ

Ба тобут аст роҳ аз гоҳвора.
Ба рағми дигарон з-ин раҳ ҳазар кун.
Ҳалолат бод, шири поки модар,
Зи гаҳвора ба ҷовидон сафар кун.
Дар девони Рӯдакӣ ба ҷои бисёрнуқтаҳо
Нуқтаҳо чун лахчаи сарде нишони оташанд,
Нуқтаҳо чун захми дил аз рӯзгори нохушанд.
Нуқтаҳо ҳам бори маънӣ мекашанд.
Нуқтаҳо чун доғи дил,
Чун решҳои ҷони ту,
Нуқтаҳо чун захмҳо дар сафҳаи девони ту
Монда ҷои мардуми чашмони ту.
Ростиро, нуқтаҳои шеърҳои гумшуда
Аз басо шеъре, ки мебофем мо, гӯётаранд,
Пурсадо, пурдард, пурмаънотаранд.
Нуқтаҳо дар сафҳаи девони ту…
Баски даҳ аср аст меҷӯӣ ту роҳ
Бо дили маҷрӯҳу захми хунчакон
Аз замоне то замоне,
Аз маконе то макон,
Аз ҷигар, аз захми виҷдон, захми дида
Қад-қади раҳ хун чакида…
Нуқтаҳо чун қатраи хун
Аз дилат бар сафҳаи девон расида…
Ҳар нуқат чун гавҳари ду дидаи бинои ту
Акс созад сурати аъдои ту…
Дар қоимаи ҳайкали Рӯдакӣ
Асо бар даст меоӣ зи роҳи дур, эй устод,
Зи шаҳри тирабахтиҳо ба шаҳри нур, эй устод.
Барои он ҳама озори ҷисмонию рӯҳонӣ
Бидорӣ кӯрии таърихро маъзур, эй устод.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед