Само буғзе ба дил дорад

Само буғзе ба дил дорад, аво абрист, меборад.
Дилам ғамгин, сарам вазнин, намедонам чӣ мефорад.
Фазои шаҳр хоколуд – рӯзи хокборон аст,
Ту гӯӣ дар ғами фарзонагон хоке ба сар дорад.
Ба рӯи турбати Айнӣ ғубор афсона мебофад,
Зи мижгонҳои сангинаш сиришки сард меборад.
Сари Бобои мо дар хорасанги сурх ҷовид аст,
Вале гоҳо ба ҳоли мо сари хорош мехорад.
Сари абрӯи Мирзо гарди раҳҳои сафарҳош аст,
Зи рӯи мармаринаш нури ҷовидона меборад.
Душанбе дар муҳити кӯҳҳои хомушу гӯё
Сари болотар аз ҳар кӯҳ мехоҳад, намеёрад.
Чу ҳар боре биандешам, ки ин ҷо хок хоҳам шуд,
Гиребони маро дасти хиҷолат сахт медорад.
10.9.1980

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед