Дар дили ман зиндагонӣ пир шуд.

Дар дили ман зиндагонӣ пир шуд,
Дар сари ман ақл бетадбир шуд.
Дасти ларзон ҷом то комам набурд,
Чашми ман аз завқи дунё сер шуд.
Дар сурудам нағмаҳо аз ҳам гусаст,
Дар вуҷудам шавқ бетаъсир шуд.
Он ҳама гесӯ, ки бикшодам ба меҳр,
Дар гулӯям ҳалқаи занҷир шуд.
Хостам ишқи наве иншо кунам,
Ишқи дерин ҳокими тақдир шуд.
Хостам худро амон бидҳам зи худ,
Дер шуд, эй сад дареғо, дер шуд.
Ғофил аз марг ормонҳо доштам,
Маргро нозам, ки ғофилгир шуд…
9.9.1980

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед