Дар дили шабҳо ба ёд ояд маро

Бетабу тоби ту бетобам ҳанӯз,
Гӯиё дар шасти гирдобам ҳанӯз.
Гарчи аз рӯзи насибам рафтаӣ,
Медароӣ дар шаби хобам ҳанӯз.
Дар дили шабҳо ба ёд ояд маро
Ишқварзиҳои Варзобам ҳанӯз.
Васли ту дар домани Анзоб буд,
Гӯӣ дар домони Анзобам ҳанӯз.
Ҳусни ноёби ту шуд ноёбтар,
Дар хумори ҳусни ноёбам ҳанӯз.
Ман туро гум кардаам аз содагӣ,
Содагиро бин, ки мекобам ҳанӯз.
Бо ту худро низ ман гум кардаам,
Хештанро ҳам намеёбам ҳанӯз.
1980

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед