Дар ишқ бигӯ, ки дарди ҳиҷрон бошад

Дар олами савту шеъру пандам зоданд,
Монанди манора сарбаландам зоданд.
Аммо ба ҳама шахсарию лоқайдӣ
Чун кӯҳ ба хок пойбандам зоданд.
Бигзор ҷаҳон ҷои далерон бошад,
Хони ҳама одамон пур аз нон бошад.
Дар ишқ бигӯ, ки дарди ҳиҷрон бошад,
Дар шеър бигӯ, ки шӯру исён бошад!
Онҳо, ки ба худбаҳоӣ афсона шуданд,
Девон нанавишта, зуд девона шуданд.
Аввал зи ҳавас азми раҳи маҳ карданд,
Охир ба чароғи мурда парвона шуданд.
Мардум ҳама аз гумони худ метарсанд,
Аз душмани ноаёни худ метарсанд.
Гӯянд ба бехи гӯш: каҷ дору марез,
Пайдост ҳама зи ҷони худ метарсанд.
Дар дафтари ман хуни дилам хоҳад монд,
Дар хоки Ватан мушти гилам хоҳад монд.
Дар чашми ҳама аҳли назар сурати ман,
Дар чашми ман акси қотилам хоҳад монд.
Шӯрида дилам талошгаҳ мехоҳад,
Пои ҳунарам азоби раҳ мехоҳад.
Дастам гули хуршед биҷӯяд аз хок,
Парвонаи ман чароғи Маҳ мехоҳад.
Кӯрӣ ту ба айби хешу бинои касй,
Гул баҳри худӣ, барои кас хору хасӣ.
3-одам шудаӣ, валек одам нашавӣ,
3-одам шудаӣ, вале ба одам нарасӣ.
Эй ёр, биёву хонаободам кун,
Чун мисраи шеъри Рӯдакӣ ёдам кун.
Имрӯз зи баски охирин суғдиям,
Пайванд ба даҳр силки аҷдодам кун.
Ҳар кас, ки наёфт роҳи соҳибназарон,
Бояд биравад ба маҳфили бебасарон.
Ҳар кас, ки забони модариро гум кард,
Бояст, ки гум шавад зи хоки падарон!
Ман мисли китоби куҳнаву фарсуда, < Гӯёи хамӯшу будаи нобуда, Ҳар кас, ки бихонд, ҷилди ман нав созад, Ҳар кас, ки нахонд, хонадам беҳуда. Ёрон, ёрон, маро агар медонед, Аз дур фақат ба як назар медонед. Донисти шумо ҳама гумон асту хато, Зеро ки маро чу раҳгузар медонед. Фарёди туро ба гӯш мегирам ман, Бар қисмати ту хамӯш мегирям ман. Чун будаам асбоби сияҳбахтии ту, Бори 1унаҳам ба дӯш мемирам ман Дар лаҳзаи талх ид мебояд кард, Шодию фараҳ падид мебояд кард. Бо бахти сафед то ки ҳамранг шавй. Бас мӯи сияҳ сафед мебояд кард. Эй ашк. ту сарчашман мақсудам шав, Эй нола, паёми рӯзи беҳбудам шав, Эй хома, асои фасли пириям бош, Эй шеър, ту зангӯлаи тобутам шав!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед