Дар китоби худ

Бар яке аз ҳафт пушти хештан.
Дар санги мазори падарам
Падарам, рафтӣ чу ту бар дили хок,
Дар дили ман ғаму андӯҳи ту монд.
Кӯҳу саҳро, ки қадамгоҳи ту буд,
Ҳамчу саҳрои туву кӯҳи ту монд.
Чашмат аз гӯр ба сӯям нигарон,
Дар сурудам шабаҳи рӯҳи ту монд.
Дили маҷрӯҳ бибурдию ҷаҳон
Баҳри ман чун дили маҷрӯҳи ту монд…
Дар санги чашмахона
Ин чашма бурун зи хокдон чун ояд?
Аз дидаи гирён, дили маҳзун ояд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед