Дар матни замона ҳеҷ ҷоят ки набуд
Бо бонги сагон, шукр, қаландар нашудем,
Ҳангоси харон шунидаву хар нашудем.
Будем зи баски ғарқа дар хуни ҷигар.
Об аз сари мо гузашту мо тар нашудем.
Ман маст шудам, маст шудам, маст шудам,
Дар дасти касе набуда аз даст шудам.
Будам зи ҳазор қуллаи кӯҳ баланд,
Аз қулла яке фитодаму паст шудам.
То чашми ту дилфиреб бошад, бошам.
То ҳусни туам насиб бошад, бошам.
Дар арсаи даъвои талабгоронат
Лак дар лак агар рақиб бошад, бошам.
Эӣ он, ки маро ба кӯю барзан бинӣ,
Айбу гунаҳам ҳазор хирман бинӣ.
Бо дидаи таҳқиқ ба худ ҳам бинигар,
Дар худ бинӣ, ҳар он чӣ дар ман бинӣ.
Ҳар сӯ нигарам, кӯҳ бувад анбозам,
Ҳар ҷо биравам, кӯҳ бувад дамсозам.
Аз пой дарандохтанам гар хоҳанд,
Бар гардани кӯҳ даст меандозам.
Дар мурдани одамӣ ҳазорон сабаб аст:
Гаҳ сактаи қалбу гоҳ ранҷу тааб аст.
Аммо зи барои соҳиби чашмаву рӯд
Дар саргаҳи об ташна мурдан аҷаб аст…
Аз хоки Нишопур садо ояд боз,
Фарёди дил аз ҳар ду саро ояд боз;
Эй хаймаи осмон, дусадпора шавӣ!
Хаиём ба хаймааш куҷо ояд боз?
Бартар бувад аз ҷаҳон ҷаҳони Хайём,
Мофавқи замон бувад замони Хайём.
Ин хайманишинони ҷаҳони хокй
Як хайма надӯзанд ба сони Хайём.
Аз гардиши айём ба каф ҷом бимир,
Ором намир, бо дилором бимир.
Хоҳӣ, ки ба гӯри ту нишинад хуршед,
Дар партави офтоби Хайём бимир.
Имсол чи хушксоли фарҳанг омад,
Ожанг ба рӯи аҳли аржанг омад.
Мову қаламу дафтари мо хуни дилем,
Аз аҳли қалам буданамон нанг омад.
Ман мондаму остони наздики аҷал,
Ман мондаму достони поёни амал.
Бидруд, ҷаҳони пур зи дастону ҳиял,
Бидруд, ҷаҳони пур зи ҷанҷолу мағал!
Ҳарчанд зиёда ҷонфидоӣ кардем,
Дар чанги замона ҳамсадой кардем,
Бар маскани зиндагию бар мадфани тан
Дар кишвари худ замингадой кардем.
Ин сон, ки туй шикаставу хору зарир,
Гар хода шавад вазир, ҳукмаш бипазир.
Дар кишвари пур зи кӯр гумраҳ бигузар,
Дар кишвари офтоб яхбаста бимир.
Ин умр ғанимат нашумурдй, рафтӣ,
Пур хурдӣ ва ё ҳеҷ нахурдӣ рафтӣ.
Дар матни замона ҳеҷ ҷоят ки набуд,
Дар ҳошияи замона мурдӣ, рафтй