Дар мазраи хушкида борони нумӯафзо

Эй шӯри ҷаҳони ман, эй ишқи ҷавони ман,
Дар пои дарахти хушк, эй оби равони ман
Дар мазраи хушкида борони нумӯафзо,
Дар синаи беуммед уммеди нишони ман.
Бори ғами ин дунё кардаст дуто қаддам,
Бори гами дил афзо бар бори гарони ман.
Эй субҳи дурахшонрӯ, дар шоми дилам бартоб,
Гулханд бизан, эй гул, дар боғи хазони ман.
Дар тирагии рӯҳам чун машъата ворид шав,
То бинӣ. чӣ хоҳад монд аз рӯзу шабони ман.
Печон шаву рақсон шав дар саҳни дили хаста,
Хуни наве қоим кун андар шараёни ман.
Бозй куну бозӣ кун ҳам дастдарозй кун,
Бозичаи дасти тусг ин боқии ҷони ман.
Ин гуна. ки мерезй огаш ба сари умрам,
Тарсам, ки шавй охир тобуткашони ман…
1984

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед