Дар миёни қарбу зарби мадду ҷатри зиндагонӣ

Ҳамрахи айем будам, а« рахи зйём рафтам,
Дар талоши ном будам, оқибат гумном рафгам.
Дар миёни қарбу зарби мадду ҷатри зиндагонӣ
Мавҷи беором будам, хомушу ором рафтам
Косагул будам басо дар базми васли гулрухоне,
Комгори ишк будам, хастаю ноком рафтам.
Ҷомхое бас тихи кардам, ки чашмам пур бигардад,
Косаи чашмам тихию худ тихй чун ҷом раф^ам
Гуфтугӯи зиндагонй, ҷустуҷӯи бехазонй,
Аз сарам бигзашт чандоне, ки бепайгом рафгам
Орзуи безаволй чун кафи дастони холй,
Бар дилам «ад ончунон, то пеш аз анҷом рафтам.
Дар хама гармию сардӣ, байни номарцию мардй,
Сӯхтам як умр, аммо рӯзи охир хом рафтам
* ♦ ♦
Бесарупоем, аммо даст дар корем мо,
Бо хама девонагихо боз ҳушёрсм мо.
Бо хазорон сахтӣ гар рохи ҷаҳонро ефтем.
Нармрӯю нармдил фарзанди куҳсорем мо.
Дар масири зиндагй хамчун асири зиндагй
Бо хама озорхо дар фикри осорем мо.
Марзбон бедор бошад дар хати сархад агар,
Дар сари хар мисрае то субх бедорем мо.
Гар камем, аммо ба чашми накдбинон оламем,
Дар миёни кӯхчо ак дашти хамворем мо.
Қддри мо пурссд аз дилташнагони мехру шсър,
Дар мухитн хашти бир£н ҷӯи саршорсм мо.
Эй ки моро бебагал пиндоштиву бебисот,
Сад хазорон шукр аз кисмат, ки дил дорем мо
1984

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед