
Дар насиҳати фарзанд
Биё, эй нури чашму ҷони дида,
Зи ман бишнав яке панди ҳамида.
Зи илму дини обо тӯша андӯз,
Дигар фанни маоши аср омӯз.
На он илме, ки муътоди замон аст,
Маолаш саллаву зеби чапон аст.
Ҳамон илме, ки динат гардад обод,
Туро созад зи банди фақр озод.
Ҳамон илме, ки бошад ҳосилаш ганҷ.
Бувад бе ганҷ илмат мояи ранҷ
Ба таҳсили камолу фазл мекӯш.
Дар ин дег аз барои пухтагӣ ҷӯш.
Намегӯям, ки тақлиди қазо кун,
Футури дин ба ришват иқтизо кун.
Ба муҳре номи худро соз аълам,
Зи муҳрат то физояд меҳри дирҳам.
Қаламдону давоте чун гирифтӣ,
Туро ин бас бувад хонанд муфтӣ.
Зи вазъи саллаи гумбадаломат.
Бирав бо масҷиде мекун имомат.
Ва ё бар ҷамъи мақдуду муҳаввис,
Ба устодӣ худатро кун мударрис.
Маошат з-ин намат гар ҳосил ояд,
Туро бехи яқин мустаъсил ояд.
Зи ман ин илм омӯзу саноат,
Қаноат кун, қаноат кун, қаноат.