ДАР НАЗДИ ҲАЙКАЛИ ШОИР

Бале,
Ҳарчанд, ки сар хам намудан
Ба ман одат нагардидааст, аммо
Ба наздат мефарорам сар ба таъзим, —
Туӣ шоир,
Сурудат фахри дунё!

Ба шахс, ки суруди ӯ ба дилҳо
Чу меҳри модарӣ бахшад ҳарорат,
Ба шахсе, ки дили ӯ шуд дили халқ
На танҳо ман,
Ҷаҳон сар мефарорад!

Азизу меҳрубони ҳар забонӣ
Ту дар ин хонадони аъзами мо.
Нахоҳад гашт хомӯшу фаромӯш, —
Садои Кобзари халқи тавоно.

Ба халқи тоҷики хушбахти ман низ
Чу номи Рӯдакӣ номат азиз аст.
Иҷозат деҳ, ки ин гулдастаҳоро
Бубахшам бар ту аз он халқи гулдаст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед