ДАР ОЛАМИ ИФТИХОРИ МАН

Ҳамегуфтанду ҳамгӯянд мардони ҷаҳондида
Ки ту он боми дунёӣ
Ки аз болои ту бори нахуст одам
Назар андохт бар олам,
Назар андохта, гардида ошиқ аз паи хуршед,
Чу дарёҳои кӯҳият
Ба водиҳо равон гардид,
Ки чӯлу даштро гулзор бинмояд,
Ҷаҳони хуфтаро бедор бинмояд.
Ҳамегуфтанду мегӯянд мардони суханпардоз,
Ки ту он боми дунёӣ
Ки шоирҳо
Лаби маҳбубаи худро
Ба лаъли кӯҳсорони ту ташбеҳ кардаанд,
Оре
Ту лаълистони дунёӣ,
Дилороиву зебоӣ!
Ҳамегуфтанду мегӯянд пирони куҳансоле
Ки ту он боми дунёӣ
Даме ки шоири ҳақҷӯю ҳақпарвар,

Бузурги асри худ Хисрав
Зи дасти зулму бедодӣ
Ба дод омад, панаҳ меҷуст
Ба вай оғӯш бикшодӣ,
Даруни сина ҷо додӣ!

Ҳамегуфтанду мегӯянд мардони ҳақиқатгӯй
Ки ту он боми дунёӣ
Ки дар шеъру сурурди худ
Туро Боми Ҷаҳон бо завқ номиданд.
Ба он санге, ки бо хуни ҷигар бинмудаӣ лаълаш
Нигину тоҷи шоҳонро
Ҳамедоданд орову надонистанд
Уи чун киштии бишкаста
Даруни баҳри кӯҳистон
Ту танҳоиву ёрихоҳ,
Ба рӯи зарди ту баста
Дари дунё…

Ҳамеша ашк резонда
“Малак,
Молик,
Фалак!”
Гуфтиву пурсиди наҷотатро,
Ҳавола карда бар онҳо
Ҳаётатро, мамотатро.
Вале ҳайҳот,
Баҳри ту
Малак кар буду
Молик кӯр,
Аммо
Фалак бечоратар аз ту,
Бигардонанд аз ту рӯй…

Чи хуш кардӣ, ки аз онҳо
Ту ҳам гардонда рӯятро
Дигарбора напурсидӣ наҷотатро,
Шудӣ соҳиб ҳаётатро, –
Ба Москав рӯй оварда,
Задӣ фарёди шерона!
ба фарёди ту шуд фарёдрас Ленин,
Ки бар фарқи ту байроқаш дурахшон аст,
Зи нури байрақаш ҳар кӯҳу санги ту
Ба чашмам хуштар аз лаъли Бадахшон аст!

Бадахшони Советиям
На танҳо Боми дунёӣ,
Бадахшони зарафшонӣ, ки имрӯз
Туро номидаам “Қишлоқи тиллоӣ!”

Муборак бод Ҷашни бошукӯҳат, эй диёри ман,
Дар олам ифтихори ман!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед