ДАР ОНҲО ЛЕНИНИ АЪЗАМ ҲАЁТ АСТ

Ватан,
Партия,
Халқ, –
Дар ин суханҳо
Бароям бахту шодию наҷот аст,
Ба онҳо додаам овози худро,
Дар онҳо Ленини аъзам ҳаёт аст.
Аз онҳо сулҳ мебинам ба олам,
Аз онҳо равнақи имрӯзу фардост,
Аз онҳо бахти фарзандони шодам,
Тамоми ҳастии ман ҳам аз онҳост.

Ватан,
Партия,
Халқ –
Ин се суханро
Ба олам мешуморам ман муқаддас.
Садоқат доштан халқи Ватанро,
Ба ман Партияам иаълимдодааст.
Ҳаётамро аз он мепаварам ман,
Ки бар халқу Ватан хизмат намоямю
Ба ман чун рӯзи неки халқ равшан,
Ки бе онҳо ҷаҳон тира бароям.

Ватан,
Партия,
Халқ –
Ин се суханро
Ба олам мешуморам ман муқаддас.
Ба Партия садоқат доштанро
Бароям халқи ман таълим додаст.
Магар бе иттиҳоди коммунистон
Зафар кардан бувад осон ба инсон?
Магар мумкин бувад бо роҳи олӣ
Қадам бигзоштан бе коммунистон?

Ватан,
Партия,
Халқ, –
Дар ин суханҳо
Бароям бахту шодию наҷот аст.
Ба онҳо додаам овози худро,
Дар онҳо Ленини аъзам ҳаёт аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед