Дар рӯи ҳама тобад як пораи нури ман.

То ту ба додам мерасӣ, оҳам ба кайвон мерасад,
То ту ба қадрам мерасӣ, умрам ба поён мерасад.
То ёри роҳам мешавӣ, аз роҳ берун мешавам,
То мушкил осон мекунӣ, сад марги осон мерасад.
То ёд меорӣ зи ман, беёд меафтам зи дард,
То теғи абрӯ мекашӣ, теғи табибон мерасад.
То ахду паймон мекунӣ, паймонаам пур мешавад,
То ваъдаи гул медиҳӣ, фасли зимистон мерасад.
То даст бар дил мениҳӣ, аз даст хоҳад рафт дил,
То ту ғами мо мехурӣ, моро ғами ҷон мерасад.
Хоҳӣ, ки беғам бигзарӣ. боре маро масрур кун,
Ё бар ҷаҳони худ бикаш, ё аз ҷаҳонам дур кун.
Дарё ба туғён меравад, ҷамъу парешон меравад,
Хоҳӣ маро ҷамъ оварӣ, андар ҷаҳон машҳур кун.
Хоҳӣ зи гардун раҳмате, дастобагардан бӯса деҳ,
Хоҳӣ қирони ахтарон, дилро ба дил манзур кун.
Бисёр рӯзони худо, рӯзи ману ту даршумор,
Рӯзе зи рӯзони худо ёд аз мани мағрур кун.
Гар тобиши чашмони ту андар суруди ман кам аст,
Бикшо китоби шеъри ман, ҳар мисраашро кӯр кун.
Гар ошиқи ту нестам, гар лоиқи ту нестам,
Ёди маро, ишқи маро андар дили худ гӯр кун!
/977
♦ ♦ ♦
Ҳангоми сутӯҳ омад, бигзашт сурури ман,
Хам гашт миёни ман, бишкаст ғурури ман.
Мемираму хурсандам, к-андар талаби навбат
Сад зинда биёсояд дар сояи гӯри ман.
Пайроҳае бикшодам аз худ ба ҷаҳони ҳусн,
Сад роҳ шавад наздик аз ин раҳи дури ман.
Гар то дили садпора як пораи шеърам рафт
Ин аст давоми ман. цар гӯр зуҳури ман.
Дар шеър чароги дил афрӯхтаам бар халқ,
Дар рӯи ҳама тобад як пораи нури ман. 
* *
То ту ба додам мерасӣ, оҳам ба кайвон мерасад,
То ту ба қадрам мерасӣ, умрам ба поён мерасад.
То ёри роҳам мешавӣ, аз роҳ берун мешавам,
То мушкил осон мекунӣ, сад марги осон мерасад.
То ёд меорӣ зи ман, беёд меафтам зи дард,
То теғи абрӯ мекашӣ, теғи табибон мерасад.
То ахду паймон мекунӣ, паймонаам пур мешавад,
То ваъдаи гул медиҳӣ, фасли зимистон мерасад.
То даст бар дил мениҳӣ, аз даст хоҳад рафт дил,
То ту ғами мо мехурӣ, моро ғами ҷон мерасад.
7977

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед