ДАР САЙР

Эй мурғ, мазан зинҳор
Бар захми дилам минқор,
К-аз реши равони он
Хун мечакад аз озор.

Эй бод, макун бозӣ
Бо мӯйи парешонам,
К-аз рӯзи азал худ ман
Бо хӯйи парешонам.

Эй рӯд, махон дигар
Афсонаи соҳилро,
К-андар шикани мавҷат
Сад қисса бувад дилро.

Эй сабза, чӣ мехоҳи
Аз буду набуди ман,
Фардо ки равам, бархез
Ах хоки вуҷуди ман.

Эй ин ҳама ки рустед
Як раста канори ман,
Эй ин ҳама ки ҳастед
Дар ҷони низори ман,

Бар дард чӣ механдед,
Бедард шумо чандед?
Аз хеш кунед озод,
Бо хеш маро бандед!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед